- гузор
- I[گزار]1. асоси замони ҳозира аз гузоштан ва гузор(и)дан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънии а) вазъкунанда, ҷорикунанда: қонунгузор, бидъатгузор; б) озодкунанда, барпокунанда: бунёдгузор, поягузор; в) таъминкунанда: сиёсатгузор, коргузор; г) гузаранда, убуркунанда, дарёгузор, раҳгузорII[گزار]1. гузаштан, гузариш; гузори касе ба ҷое афтодан гузаштани касе аз ҷое; иттифоқан рафтани касе ба ҷое2. амали гузаштан, убур, гузар3. гузаргоҳ, ҷои гузар4. маҷ. буриш, амали буридан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.